<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Am</key>
<lyrics>[V1]
 Ба пайравии таронаи 23 дар китоби Забур*

[V2]
.Am                Dm
 Покиву парҳезгорӣ пеша кун,
.E                Am
 То шавӣ шоистаи меҳри Худо.
.Am              Dm
 Дил зи кина пок дору рост бош,
.E                  Am
 То нагардӣ Ту ба дарде мубтало.

[C1]
.  Am                  Dm
   // Кист бархурдор аз файзи Худо?
.    G                     C
   - Он ки Ӯро ростӣ андар сар аст.
.  Am                   Dm
   Аз дурӯғу фитна дурӣ ҷӯяд ӯ,
.  E                  Am
   Ӯ ба некӣ аз ҳама болотар аст. //

[V3]
 Бегуноҳ маҳсуб мегардад ҳаме,
 Он ки меҷӯяд Худоро ҳар даме.
 Файз меёбад зи даргоҳи Худо,
 Рӯҳи ӯро набвад осеби ғаме.

[C2]
   // Эй Худовандо, шукӯҳи номи Ту
   Бартар аз боми баланди Каҳкашон.
   Номи Ту паймонаҳоро бишканад,
   Менагунҷад дар замину осмон. //

[V4]
 Дур шав, дарвозаи порина, дур,
 То дарун ояд Худованди ҷалол.
 Ӯ Худои Қодири яктои мост,
 Қудраташ бошад ба дунё бе мисол.

[C3]
   Ҳар чи бинӣ дар ҷаҳон, аз Ӯ бувад,
   Ҳам замину ҷумла лашкарҳои он.
   Офтоб, истораҳо дар осмон
   Молу мулки Холиқи кавну макон.
   Ҳамд мегӯям Худои хешро,
   Ӯ маро дар ин ҷаҳон бигзидааст.
   Ман нахоҳам дурӣ аз Вай то абад,
   // Ӯ маро якбора омурзидааст. // 3x</lyrics>
<title>Ба пайравии таронаи 23 дар китоби Забур Хд150</title>
<hymn_number>150</hymn_number>
</song>